Формулаи нави рушди бизнес ва шахсият
«Формулаи нави рушди бизнес ва шахсият» аввалин бизнес-тренинг бо ҷалби спикерони сатҳи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон давоми чанд соли охир аст. Ин бизнес-тренинг барои онҳоест, ки мехоҳанд на танҳо кору фаъолият ва тиҷорати худро рушд, устувор ва васеъ намоянд, балки аз худ низ шахсияти муваффақ ва таъсиргузор бисозанд.
Алиризо Озмандиён сухангӯи сатҳи ҷаҳонӣ ва шогирди сухангӯи муваффақ Ҷим Рон, ҳамчун бунёдгузори “Технологияи Фикр” шинохта шудааст. Доктор Озмандиён беш аз 30 сол мешавад, ки дар кишварҳои гуногун барои шунавандагони зиёде суханронӣ кардааст.
Ӯ дар ин тренинг оид ба моделҳои нави рушди тиҷорат, равишҳои стратегияи шахсӣ, худидоракунӣ, тарбияи тафаккури молиявӣ ва роҳҳои таъсиргузорӣ суханронӣ хоҳад кард. Мавзӯъ ва методҳои пешниҳодшаванда бар асоси таҳқиқот ва таҷрибаҳои муосири ҷаҳонӣ омода шудаанд, ки метавонанд барои соҳибкорони нав, роҳбарони ширкатҳо, мутахассисони соҳа ва ҳамаи хоҳишмандони рушди ҳамаҷониба муфид бошанд.
